ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Ван Цуйцуй

Аннотатсия: 

Дар мақолаи пешниҳодшуда консепсия ва татбиқи муҳити маҷмӯии барномавию техникӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои физикии дурдаст дар вақти воқеӣ баррасӣ мешавад. Архитектураи пешниҳодшуда ба корбарон имкони ҳамкории фосилавӣ бо таҷҳизоти физикӣ, аз ҷумла равандҳои мониторинг, идоракунӣ ва коркарди маҷмӯии додаҳоро фароҳам меорад. Санҷиши система дар заминаи таҷҳизоти озмоишӣ барои омӯзиши лаппишҳои механикӣ гузаронида шуд. Нишондиҳандаи асосии самаранокӣ ҳадди ақал гардонидани вақти вокуниш гардид: таъхири сигнал ҳамагӣ 60– 120 мс-ро ташкил дод, ки ин барои омӯзиши интерактивии бароҳат аҳамияти ҷиддӣ дорад. озмоишҳо устувории платформаро ҳангоми бори ҳамзамони то 50 сессияи корбарон тасдиқ карданд. Бартарии асосии ин коркард дар гузариш аз моделсозии имитатсионӣ ба кор бо ченкуниҳои «зинда» мебошад. Ин ба донишҷӯѐн имкон медиҳад, ки ба хусусиятҳои хатогиҳои асбобӣ амиқтар ворид шаванд, муқоисаи назарияро бо амалияи воқеӣ омӯзанд ва салоҳиятҳои муосири рақамиро ташаккул диҳанд.
Калидвожаҳо: озмоишгоҳи дурдаст, таълими фосилавӣ, таҷрибаи физикӣ, таъхири система, идоракунии интерактивӣ, салоҳиятҳои рақамӣ.