Ҳ.Ф. Нурзода, М. Нарзиев, М.Н. Латипов
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои таҳлили мушоҳидаҳои радиолокатсионии метеорҳо, ки солҳои 1969–1970 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор гузаронида шудаанд, пешниҳод гардидаанд. Бо истифода аз усули редуксияи пеленгатсионӣ-вақтӣ зиёда аз 6,5 ҳазор мадори инфиродии метеороидҳо муайян карда шуда, дар асоси онҳо хусусиятҳои радиантӣ ва мадории онҳо таҳлил карда шудаанд. Хусусиятҳои мадории метеороидҳои ба қайд гирифташуда бо мақсади муайян ва тасниф намудани гурӯҳҳои моддаи метеорӣ дар фазои наздизаминӣ таҳлил карда шуданд. Дар натиҷа 276 гурӯҳи метеороидҳо, ки дар ҳар ду нимкураи осмонӣ тақсим шудаанд, муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 86 гурӯҳ ба селҳои метеорӣ мансуб дониста шуданд, ки қисми назарраси онҳо дар пойгоҳи маълумотии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ (ИБА) мавҷуданд ва ин эътимоднокии натиҷаҳои ошкоршударо тасдиқ мекунад. Дар баробари селҳои метеории маълум, 85 ассотсиатсия ва 105 гурӯҳи нав муайян карда шуданд, ки метавонанд барои таҳқиқоти минбаъдаи сохтор ва пайдоиши комплексҳои метеороидӣ аҳаммият дошта бошанд. Таҳлили тақсимоти эксентриситет, майлҳои мадорӣ ва қиматҳои параметри Тиссеран нишон дод, ки қисми назарраси метеороидҳои таҳқиқшуда дорои мадорҳои кометавӣ мебошанд. Қонуниятҳои ошкоршуда дар маҷмӯъ бо натиҷаҳои таҳқиқоти оптикии моддаи метеорӣ мувофиқат мекунанд. Таҳлили гузаронидашуда имкон дод, ки тасвири аз ҷиҳати оморӣ асосноки тақсимоти гурӯҳҳои метеороидӣ ба даст оварда шуда, самаранокии мушоҳидаҳои радиолокатсионӣ барои муайян намудани селҳо ва ассотсиатсияҳои метеорӣ тасдиқ карда шавад. Натиҷаҳои бадастомада маълумоти мавҷударо оид ба селҳои метеорӣ пурра намуда, зарурати таҳқиқоти минбаъда ва тасдиқи мустақили табиати гурӯҳҳои нави муайяншударо нишон медиҳанд.
Калидвожаҳо: мушоҳидаҳои радиолокатсионӣ, селҳои метеорӣ, ассотсиатсияҳои метеорӣ, радиантҳои метеорҳо, элементҳои мадор, метеороидҳо.

