С.Б. Зарипов
Аннотатсия:
Дар таҳқиқоти мазкур омӯзиши муодилаи интегралии якченакаи моделӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки дар он нуқтаи сарҳадии чап ба соҳаи интегралгирӣ дохил мешавад. Муодилаи мавриди назар ду нуқтаи канорӣ дошта, омӯзиши он дар заминаи назарияи муодилаҳои интегралию дифференсиалӣ сурат гирифтааст. Барои исботи мавҷудият ва наздикшавии тасвирҳои интегралӣ истифодаи шартҳои асимптотикӣ зарур шуморида шуд. Бояд зикр кард, ки ҳалли умумии ин муодилаи моделӣ дорои функсияи ихтиёрӣ мебошад. Дар ҳолате, ки ҳалли умумӣ аз собитҳои (константаҳои) ихтиёрӣ иборат аст, масъалаи канорӣ гузошта ва таҳқиқ шудааст. Илова бар ин, ҳолатҳое омӯхта шудаанд, ки дар онҳо муодилаи додашуда танҳо ҳалли ягона дорад. Қайд кардан ба мврид аст, ки муодилаи интегралӣ дар ҳолате, ки ҳалли ягона дорад гузориши шартҳои канори лозим нест, чунки ҳалли муодилаи додашуда доимиҳои ихтиериро дар бар намегирад. Дар ҳолате, ки ҳалли муодила домиҳои ихтиёриро дар бар мегирад, вобаста ба доимиҳои ихтиёрӣ шартҳои канорӣ гузошта мешаванд. Дар интиҳо, дар асоси дастовардҳои илмии бадастомада, теоремаҳо ва хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд.
Калидвожаҳо: муодилаи якченакаи моделӣ, нуқтаҳои дохилӣ ва сарҳадӣ, масъалаҳои канорӣ, рафторҳои асимпитотикӣ, доимиҳои додашуда.

