ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Байматова Манзура Менгатовна, Холзода Мухаммад

Аннотатсия:

Дар мақола равишҳои методологӣ ва амалии идоракунии арзиши объектҳои амволи ғайриманқул дар ҷараёни давраи ҳаёти онҳо баррасӣ мешаванд. Таҳлили давраи ҳаёти объектҳои амволи ғайриманқул имкон медиҳад, ки арзиш ва самаранокии истифодаи онҳо арзёбӣ гардад. Ин усули арзёбӣ дар идоракунии амволи ғайриманқул ва таҳлили сармоягузорӣ самаранок буда, аҳаммияти онро нишон медиҳад. Таҳлили фонди манзил дар миқѐси ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла таҳлили муқоисавии фонди манзили шаҳрӣ ва деҳот, инчунин арзёбии таъмин будани аҳолӣ бо манзил ба ҳисоби як нафар дар солҳои истиқлолияти кишвар бар асоси маълумоти оморӣ анҷом дода шудааст. Дар асоси таҳлили сохтмони манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои калидии арзиш дар ҳамаи марҳилаҳои давраи ҳаёти бино муайян карда шудаанд. Ҳамчунин ҳисоботи тахминии давраи ҳаёти як бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе гузаронида шудааст.

Калидвожаҳо: арзиши амволи ғайриманқул, сохтмони манзил, самаранокии энергетикӣ, давраи ҳаёти бино, Тоҷикистон.