Низомзода Фахридин Низом
Аннотатсия:
Дар мақола нақши соҳаҳои асосии иқтисодиёти минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди ҷараёнҳои боркашию логистикӣ таҳлил карда мешавад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъсири соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, истихроҷи маъдан ва хизматрасонӣ ба ҳаҷм, сохтор ва самтҳои интиқоли бор равона гардидааст. Натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки ихтисоси соҳаии минтақаҳо ба ташаккули фазоии ҷараёнҳои бор ва самаранокии низоми нақлиётӣ-логистикӣ таъсири мустақим мерасонад. Зарурати ба инобат гирифтани омилҳои соҳавӣ ҳангоми банақшагирӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикии минтақаҳо асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо: иқтисодиёти минтақавӣ, соҳаҳои иқтисод, ҷараёнҳои бор, низоми нақлиётӣ-логистикӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

