Ф.С. Комилиён, Д.И. Солиҳзода
Аннотатсия:
Барои тасвир ва пешгӯии раванди афзоиши вазни зиндаи мурғи марҷон бо истифода аз усули таҳлили муқоисавӣ аз байни панҷ амсилаи математикии хаттӣ, дараҷавӣ (r=0.5, r=2), экспоненсиалӣ ва логистикӣ амсилаи беҳтарин муайян карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо беҳтарин амсила амсилаи логистикӣ дониста шудааст. Зеро он раванди сершавии физиологӣ ва марҳилаҳои алоҳидаи кинетикаи афзоиши вазни зиндаро дуруст инъикос карда, графикаш нуқтаи қатшавӣ дорад.
Калидвожаҳо: амсилаи математикӣ, функсияи хаттӣ, функсияи дараҷавӣ, функсияи экспоненсиалӣ, функсияи логистикӣ, мурғи марҷон, зот, динамикаи афзоиш, вазни зинда, тасвир, таҳлил, таҳқиқ, пешгӯӣ.

