ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Б.Б. Саидов

Аннотатсия: 

Дар мақола имконияти баланд бардоштани самаранокии шабакаҳои алоқаи насли панҷум бо истифода аз усулҳои пешгӯии зеҳнӣ баррасӣ шудааст. Ҳадафи таҳқиқот истифодаи шабакаи нейронии авторегрессии ғайрихаттӣ (NARNN) барои таҳлил ва пешгӯии тағйирѐбии параметрҳои сигнали радио дар шабакаҳои 5G ва идоракунии пешакӣ- и захираҳои радиошунавӣ мебошад. Ҳамчун додаҳои ибтидоӣ қаторҳои вақти нишондиҳандаҳои RSRP ва SINR, ки ҳолати канали радиоро тавсиф мекунанд, истифода шуданд. Моделсозӣ бо истифода аз сохтори шабакаи нейронӣ бо таъхирҳои вақтӣ, ки бар асоси додаҳои таҷрибавӣ омӯзонида шудааст, анҷом дода шуд. Сифати пешгӯӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои стандартии хатогӣ арзѐбӣ гардид. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки истифодаи NARNN имкон медиҳад пастшавии сифати алоқа пешакӣ ошкор шуда, параметрҳои шабака мутобиқ гарданд, ки ин ба кори устувор ва боэътимоди шабакаҳои насли панҷум мусоидат мекунад.
Калидвожаҳо: шабакаҳои насли панҷум, шабакаи нейронии авторегрессии ғайрихаттӣ, пешгӯии сигналҳо, қаторҳои вақт, идоракунии захираҳои радио, сифати алоқа.