ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Луо Хайбо

Аннотатсия: 

Дар мақола ҷанбаҳои назариявию методологӣ ва амалии ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ба экосистемаи мактаби олӣ бо мақсади зеҳнигардонии (интеллектуализатсияи) фаъолияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Гузаронидани тадқиқот бо афзоиши бори маъмурию педагогӣ ба дӯши омӯзгорон ва зарурати воқеии автоматикунонии амалиѐтҳои қолабӣ дар доираи рақамикунонии фарогири таҳсилоти олӣ асоснок карда мешавад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба арзѐбии ҳамаҷонибаи омодагии касбии кадрҳо барои кор бо зеҳни сунъӣ, инчунин муайян кардани омилҳои калидие, ки истифодаи системаҳои зеҳниро дар идоракунии таълим ва назорати дониши донишҷӯѐн муайян мекунанд, равона шудааст. Дар асоси назарсанҷии миқдорӣ ва усулҳои таҳлили таълимӣ аз ҷониби муаллифон сатҳи баланди садоқати (лоялнокии) муҳити академӣ ба технологияҳои нав ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, сарфи назар аз талаботи зиѐд ба воситаҳои пешгӯикунанда ва курсҳои такмили ихтисос, монеаҳои ҷиддии сохторӣ ва методологӣ муайян карда шудаанд, ки ба ҳамгироии системавии ин қарорҳо дар раванди таълим халал мерасонанд.
Калидвожаҳо: зеҳни сунъӣ, таҳаввулоти рақамии таҳсилот, таҳлили таълимӣ, автоматикунонии арзѐбӣ, мактаби олӣ.