ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Б.Б. Саидов, Д.А. Анварзода, Ф.Р. Азизуллоев, В.Т. Бехбудов

Аннотатсия: 

Дар кори мазкур таъсири сатҳи қувваи умумии қабулшудаи фарохмаҷро RTWP (Received Total Wideband Power) ба хусусиятҳои фаъолияти канали болоравандаи шабакаҳои алоқаи мобилӣ таҳқиқ карда мешавад. Диққати асосӣ ба робитаи байни нишондиҳандаи RTWP, таносуби сигнал ба садо ва интерференсия, инчунин ба нишондиҳандаҳои қобилияти гузарониши канал ва устувории радиоканал равона гардидааст. Дар мақола таҳлили муфассали радиоинтерфейс пешниҳод шудааст, ки ба мушоҳидаи параметрҳои истгоҳи базавӣ ва динамикаи қувваи умумии сигнали фарохмаҷрои қабулшуда асос ѐфтааст. Тадқиқот, ки ба маълумоти таҷрибавӣ такия мекунад, таъсири интерференсияро ба нишондиҳандаҳои муҳими шабака муайян намуда, самаранокии чораҳои коҳиш додани таъсири онҳоро арзѐбӣ мекунад. Муаллиф стратегияи гибридии мониторингро пешниҳод менамояд, ки таҳлили автоматиконидашудаи нишондиҳандаҳои асосии самаранокии шабакаро бо радиомониторинги инструменталӣ муттаҳид месозад. Ҳамин тавр, натиҷаҳои тадқиқоти таҷрибавӣ нишон медиҳанд, ки назорати нишондиҳандаи RTWP метавонад ҳамчун яке аз усулҳои нишондиҳандаи муҳим барои ташхиси саривақтии сифати хизматрасонӣ дар шабакаҳои муосири бесим истифода шавад.
Калидвожаҳо: RTWP, интерференсия, алоқаи мобилӣ, SINR, қобилияти гузариш, радиомониторинг, устуворӣ ба халал.