С.Ф. Абдуллозода, В.А. Маслов, М.А. Абдуҷамизода, Н.А. Абдурасулова
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои ченкунии профили амудии ҳарорати ҳаво дар тропосфера ва стратосфераи поѐнӣ ҳангоми воридоти чангӣ дар шаҳри Душанбе тибқи маълумоти маҳвораи радиосанҷишии GDAS1, оварда шудааст. Табиати тақсимоти амудии ҳарорати ҳаво, ки чӣ аз ҷиҳати маҳсули ченкуниҳои метрологӣ ва чӣ аз ҷиҳати таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо аҳамияти калон дорад, таҳқиқ кард шудааст. Вобастагии табиати профили амудии ҳаво аз андозаи зарраҳои аэрозоли чангӣ ошкор карда шуда, нуқтаи табдили аломати тағйирёбии температура вобаста аз баландии сутуни ҳаво баҳо дода шудааст.
Калидвожаҳо: профили амудӣ, ҳарорати ҳаво, тӯфони чангӣ ва ғубор, тумани чангӣ.

