Д.М. Наимов
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои назариявӣ ва амалии таъмини институтсионалии идоракунии инноватсияҳо дар шароити минтақаҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар раванди таҳқиқот механизми идоракунии инноватсияҳо, самтҳои такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии танзими фаъолияти инноватсионӣ ва нақши навовариҳо дар таъмини рушди устувори минтақаҳои агросаноатӣ таҳлил гардидаанд. Диққати махсус ба нақши ташкилот, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла фаъолияти илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионии муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар, равона шудааст. Фаъолияти ташкилоту муассисаҳои мазкур ҳамчун омили муҳими ташаккули иқтидори инноватсионӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими ҳамкориҳои илм ва истеҳсолот арзёбӣ гардидааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ташаккули муҳити мусоиди институтсионалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва навовариҳои техникӣ-технологӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии корхонаҳои агросаноатӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Ҳамзамон, таҳкими ҳамкориҳои судманди ташкилоти хизматрасон бо субъектҳои занҷираи истеҳсолии агросаноатӣ ва густариши дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун самтҳои муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои мамлакат пешниҳод гардидаанд.
Калидвожаҳо: минтақа, комплекси агросаноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, инноватсия, муҳити институтсионалӣ, механизмҳои идоракунӣ, технологияҳои рақамӣ, илм ва истеҳсолот, рушди устувор, самараноки истеҳсолот.

