ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

М.Ч. Буриева1 , С.Ҳ. Ҳасанзода2

Аннотатсия: 

Дар мақола таъмини амнияти обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Таъмини амнияти обию энергетикӣ яке аз самтҳои асосӣ ва ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор рафта иқтидори энергетикии кишварро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, таъмини амнияти энергетикӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра гашта боиси фаъолияти аҳолии кишвар гардидааст. Афзоиш ёфтани аҳолии кишвар ва баланд гардидани ҳарорат дар кураи замин барои ҳаёти одамон боиси мураккаб шудани мушкилоти ҷаҳонӣ дар тағйирёбии иқлим аст. Таъмини амнияти обию энергетикӣ дар ҷумҳурӣ масъалаи калидии давлат ба шумор рафта, таҳлили нишондиҳандаҳои ҳозира ва дурнамои пешрафт барои оқилона истифодабарии механизми захираҳои обию энергетикӣ ҳамчун ҷузъи асосии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосири рушди иқтисоди ҷаҳонї масъалаи таъмини амнияти обию энергетикї ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатї на танҳо дар сатҳи локалӣ, балки дар сатҳи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дошта зеро тақрибан 98 фоизи истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба захираҳои обӣ ва неругоҳҳои барқи обӣ вобаста мебошад.

Калидвожаҳо: амният, энергетика, пешрафт, захира, механизм, озуқаворӣ, миллӣ, маҳаллӣ, такмил, иқтисодӣ, идоракунӣ, ташкилӣ, истеҳсол, истеъмол, мукаммалгардонӣ, тағйирёбии иқлим, байналмилалӣ, гидроэнергетика.