ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Ф.Н. Низомзода, Р.Х. Шокирова

Аннотатсия: 

Дар мақола масъалаҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт ҳамчун яке аз омилҳои муҳими такмили идоракунии ҳамлу нақли бор ва рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Муҳимияти тадқиқот ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор, баланд гардидани талабот ба хизматрасониҳои логистикӣ ва зарурати ташаккули низоми муосири идоракунии нақлиётӣ вобаста мебошад. Дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ, мониторинги GPS, системаҳои идоракунии нақлиёт (TMS), системаҳои идоракунии анбор (WMS), ҳуҷҷатгузории электронии нақлиётӣ ва платформаҳои рақамии логистикӣ аҳаммияти махсус пайдо менамояд. Муаллиф таъсири рақамикунониро ба баланд бардоштани шаффофият, суръат ва самаранокии равандҳои ҳамлу нақл, коҳиш додани хароҷоти логистикӣ, беҳтар намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва истифодаи самараноки захираҳо баррасӣ менамояд. Инчунин, имкониятҳои рақамикунонӣ барои ҳамгироии иштирокчиёни занҷири таъминот ва ташаккули занҷири ягонаи иттилоотию логистикӣ таҳлил карда мешаванд. Дар асоси натиҷаҳои таҳлил самтҳои асосии рушди рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва нақши он дар баланд бардоштани иқтидори транзитӣ ва рақобатпазирии низоми нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Калидвожаҳо: рақамикунонӣ, соҳаи нақлиёт, ҳамлу нақли бор, идоракунии нақлиёт, логистика, технологияҳои рақамӣ, TMS, WMS, занҷири таъминот, хизматрасониҳои логистикӣ, самаранокии нақлиёт, иқтидори транзитӣ.