Ф.М. Ҳамроев, О.М. Сайфуллоҳзода, Х.Ш. Раҷабова
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур бо мақсади муайян намудани талаботи аҳолии шаҳри Душанбе ба мусофирбарӣ ва такмил додани ташкили идоракунии мусофирбарӣ дар шаҳр амсиласозии иқтисодию риёзӣ гузаронида шудааст. Амсилаи иқтисодию риёзии муайян намудани талаботи аҳолии ба мусофирбарӣ дар асоси интихоби омилҳои таъсиррасонанда ба талабот роҳандозӣ карда шудааст, ки ин омилҳо бо ҷалби мутахассисони соҳаи нақлиёт муайян ва интихоб шуданд. Натиҷаҳои бадастомада, метавонад аз тарафи субъектҳои фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ шаҳрӣ ҳангоми ташаккули амсилаи рушди инфрасохтори нақлиётии шаҳ дар марҳилаи дарозмуддат ба ҳисоб гирифта шавад. Дар шаҳри Душанбе фаъолияти мусофирбарӣ мувофиқи фармоиш ва дастури МИҲД тавассути шабакаи мувофиқа гардонидашудаи хатсайрҳо, ки дар асоси омӯзиши селаи мусофирон муайян карда шудааст, роҳандозӣ мешавад. Омӯзиш ва таҳлилҳои гузаронидашуда дар ин самт нишон доданд, ки аз ҷиҳати сохтори ташкили идоракунии интиқоли автомобилии мусофирон, ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар шаҳрҳо нишон дод, ки дар мамлакат мавқеи намоёнро шаҳри Душанбе ишғол менамояд.
Калидвожаҳо: нақлиёти мусофирбарӣ, экспертон, мусофирбарии шаҳрӣ, амсиласозии иқтисодию риёзӣ, ҳамлу нақли автомобилии мусофирон, омилҳои таъсиррасон.

