М.Ҳ. Ғафуров, Д.А. Анварзода
Аннотатсия:
Дар пажӯҳиши мазкур равиши нави ташаккули калидҳои бадалсозӣ барои маълумоти матнӣ бо истифода аз усули стохастикӣ пешниҳод шудааст. Назарияи асосӣ бар он асос ёфтааст, ки воҳидҳои гуногуни забонӣ (лингвистикӣ) — ба монанди решаи калимаҳо, пешоянду пасояндҳо, аффиксҳо, инчунин аломатҳои китобатию махсус — бо массивҳои якченака алоқаманд карда мешаванд. Бо ин роҳ, раванди пӯшидасозии матн бевосита дар заминаи хусусиятҳои лингвистикӣ ва алифбои худи ҳамон забон амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии татбиқи ин алгоритм баланд бардоштани сатҳи амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи додаҳо аз дахолати беиҷозат ё ҳамлаҳои киберӣ (хакерҳо, қулфшиканҳо) мебошад. Ҳамзамон, дар мақола дараҷаи устувории чунин калидҳо ва хатари эҳтимолии шикастани онҳо ба таври муфассал таҳлил гардидааст. Бояд қайд намуд, ки усули коркардшуда хусусияти универсалӣ дошта, онро метавон дар матнҳои забонҳои дигар низ бемамоният истифода бурд.
Калидвожаҳо: объект, бадалсозӣ, бадалкунӣ, аксбадалкунӣ, реша, аломатҳои имлоию махсус, алифбои хусусӣ, калид, вариант, устуворӣ, киберҷиноят.

