ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

М.К. Муродов

Аннотатсия: 

Дар мақола амсилаи математикӣ ва алгоритмии платформаи интеллектуалии санҷиш ва омӯзиши барномасозӣ пешниҳод ва асоснок карда мешавад. Равиши пешниҳодшуда коди донишҷӯро ҳамчун сохтори дискретӣ моделсозӣ намуда, дар асоси таҳлили ҷузъӣ ва сохторӣ хатоиҳоро ошкор ва тасниф мекунад. Барои таснифи хатоиҳо синфҳои асосӣ, яъне синтаксисӣ, мантиқӣ, сохторӣ ва параметрӣ ё самаранокӣ ҷудо карда шуда, қарор дар асоси маҷмуи нишонаҳо ва параметрҳои код қабул мегардад. Механизми бозгашт ва тавсияҳои фардӣ дар шакли равиши давравӣ татбиқ шуда, имкон медиҳад дар ҳар такроршавӣ тавсияҳо бо назардошти таърихи омӯзиш ва динамикаи пешрафти донишҷӯ дақиқтар гарданд. Барои баҳогузории самаранокии омӯзиш нишондиҳандаи интегралӣ пешниҳод мешавад, ки коҳиши нисбии шумораи хатоиҳоро нисбат ба ҳаҷми код дар такроршавиҳои пайдарпай инъикос менамояд. Натиҷаҳои озмоиши таҷрибавӣ бо иштироки 42 нафар донишҷӯ самаранокии равиши пешниҳодшударо тасдиқ намуданд. Натиҷаҳои таҳлили назариявӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии таснифи хатоиҳо, таҳлили сохторӣ ва тавсиягарии мутобиқшаванда метавонад сифати омӯзиши барномасозиро баланд бардорад ва барои рушди муҳитҳои омӯзишии интеллектуалӣ заминаи илмӣ фароҳам оварад.

Калидвожаҳо: барномасозӣ, муҳити омӯзишии интеллектуалӣ, таснифи хатоиҳо, таҳлили сохтории код, амсиласозии математикӣ, алгоритмҳои мутобиқшаванда, механизми бозгашт, тавсияҳои фардӣ.