ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Х.А. Худойбердиев , Р.С. Яздонзода

Аннотатсия: 

Дар мақола оид ба усулҳо, алгоритмҳо ва низоми иттилоотии худкор барои пешгӯӣ ва арзёбии меъёри омодагии хатмкунандагони МТОК ба соҳаҳои касбӣ дар асоси матритсаҳои салоҳияти касбӣ сухан меравад. Низоми таҳияшуда аз маҷмӯи модулҳои барномавӣ ва алгоритмҳои таҳлилӣ иборат мебошад, ки барои автоматикунонии мониторинги сифати таълим ва пешгӯии бомуваффақият бо кор таъмин шудани хатмкунандагони МТОК тарҳрезӣ карда шудааст. Низоми иттилоотӣ барои истифода дар экосистемаи иттилоотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тарҳрезӣ шудааст, ки дар лоираи таҳқиқот маҷмӯи додаҳои се самти техникӣ; энергетика, нақлиёт ва сохтмонро маврили таҳлил қарор дода шудаанд. Дар асоси таҳлили сохтори низоми иттилоотӣ, чунин бартариҳои асосӣ ба назар мерасанд: рақамикунонӣ ва таҳлили математикии дониши хатмкунандагони МТОК барои арзёбии соҳиб шудани онҳо ба салоҳиятҳои касбӣ; ташаккули “симои рақамӣ”-и динамикии хатмкунанда дар асоси таҳлили қобилияти касбӣ, хусусиятҳои рақамӣ ва тасвир кардани дониш ва малакаи хатмкунанда дар бозори меҳнат; ташкили рейтинги худкори натиҷаҳои таълим ва баҳодиҳии самтҳои мақсадноки фаъолияти хатмкунанда аз рӯи тартиби камшавии фоиз, ки барои пешгӯии фаврӣ, арзёбӣ ва тавсия пешниҳод карда шудааст.

Калидвожаҳо: амсилаи математикӣ, усулҳои арзёбӣ, алгоритмҳои пешгӯӣ, матрисаи салоҳият, соҳаҳои фаъолияти касбӣ, манбаи додаҳо, веб-барномасозӣ, низоми иттилоотӣ, экосистемаи донишгоҳ.