ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

А.М. Бӯризода

Аннотатсия: 

Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқи морфологияи комаи дохилии кометаи кӯтоҳдаври 41P/Tuttle–Giacobini–Kresák дар асоси маълумоти мушоҳидаҳои АНБ, ки соли 2017 бо телескопи АЗТ-8-и Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, пешниҳод мегарданд. Ҳадафи таҳқиқот ошкор намудани сохторҳои дорои контрасти паст дар комаи дохилӣ ва баҳодиҳии устувории самтгирии фазоии онҳо дар давраи баррасишавандаи мушоҳидаҳо буд. Барои баланд бардоштани контрасти ҷузъиёти тасвир ва ҷудо намудани номуназзамиҳои азимутии тақсимоти дурахшонӣ алгоритми коркарди рақамии тасвирҳои Ларсон – Секанина татбиқ гардид. Коркарди маҷмӯи пурраи маълумоти мушоҳидавӣ имкон дод, ки ҷети чангии устувор ва бартаридошта, ки аз минтақаи конденсатсияи марказии комета хориҷ мегардад, ошкор карда шавад. Барои тавсифи самтгирии фазоии сохтори ошкоршуда дар тасвирҳои коркардшуда кунҷи мавқеии ҷет чен карда шуд. Муайян гардид, ки дар давраи мушоҳидаҳо қиматҳои кунҷи мавқеӣ дар ҳудуди аз 281° то 293° тағйир ёфта, қимати миёнаи он тақрибан 287.5°-ро ташкил медиҳад. Дар фосилаи замонии баррасишуда тағйироти назаррас дар самти ҷет ошкор нагардид. Диапазони начандон васеи қиматҳои ченшудаи кунҷи мавқеӣ аз хусусияти устувори сохтори морфологии мушоҳидашуда шаҳодат медиҳад. Натиҷаҳои бадастомада нигоҳ доштани самтгирии фазоии ҷети чангии бартаридошта ва, аз ин рӯ, зуҳуроти устувори фаъолияти локалии чангии кометаи 41P/Tuttle–Giacobini–Kresák-ро дар давраи мушоҳидаҳои анҷомдодашуда тасдиқ менамоянд.

Калидвожаҳо: 41P/Tuttle–Giacobini–Kresák, кометаҳо, комаи дохилӣ, морфология, ҷет, алгоритми Ларсон–Секанина, мушоҳидаҳои АНБ.