ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин, Самад Меҳрон Зафар

Аннотатсия: 

Мақолаи мазкур ба масъалаҳои рушди рақамикунонӣ дар иқтисодиёт бахшида шуда, таъсири онро ба рушди устувори корхонаву ташкилот баррасӣ менамояд. Аз ҷумла таъкид карда мешавад, ки рақамикунонии иқтисодиёт ба рушди корхонаҳо ва соҳҳаҳои иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ дорад. Дар барбари ин рушди устувори корхонаҳо дар сурати доштани захираи инноватсионӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ метавонад воқеӣ бошад.

Калидвожаҳо: рақамикунонӣ, рушди устувор, корхона, омил, қобилияти динамикӣ, гузариши рақамӣ, консепсия, стратегия, дастгирии давлатӣ.