ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Саидзода Фирдавс Ҳамро

Аннотатсия: 

Дар мақола масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Мақсади таҳқиқот муайян намудани самтҳо ва тадбирҳои асосии такмили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар шароити афзоиши талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад. Дар раванди таҳқиқот усулҳои таҳлили иқтисодӣ, оморӣ, муқоисавӣ ва системавӣ истифода гардида, нишондиҳандаҳои техникӣ-истифодабарии нақлиёт, самаранокии иқтисодии ташкили интиқоли мусофирон, арзиши аслии роҳкиро барои электробус ва дурнамои ҳаҷми интиқоли мусофирон баҳогузорӣ шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки такмили ташкили ҳаракати нақлиёт, навсозии парки нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи электробусҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва низомҳои интеллектуалии идоракунӣ метавонанд ба баланд гардидани сифати хизматрасонӣ ва самаранокии фаъолияти соҳа мусоидат намоянд. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада пешниҳодҳои амалӣ оид ба рушди устувори низоми нақлиёти шаҳрии Душанбе таҳия гардидаанд.

Калидвожаҳо: хизматрасонии нақлиётӣ, самаранокӣ, инфрасохтор, технологияҳои муосир.