ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Мирзоева Ниссобегим Шоназаршоевна, Саидзода Фирдавс Ҳамро

Аннотатсия: 

Дар мақола масъалаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе аз нуқтаи назари илмӣ тадқиқ гардидааст. Дар кор ҳолати кунунии низоми идоракунии ҳаракат арзёбигардида, омилҳои маҳдудкунанда, ба монанди навсозии инфрасохтори нақлиётии шаҳр, норасоии маълумоти боэътимод ва механизми идоракунӣ муайяншудадаанд. Инчунин имкониятҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми ҳаракат ба монанди, баландбардории самаранокӣ, камнамоии талафоти вақт ва коҳишдиҳии садаманокӣ нишон дода шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ метавонад ҳамчун омили калидии такмили низоми идоракунии ҳаракат баромад намуда, барои баланд бардоштани устувории рушди низоми нақлиётии шаҳри Душанбе заминаи илмӣ фароҳам меорад.

Калидвожаҳо: танзими ҳаракат, роҳҳо, технологияҳои рақамӣ, низоми интеллектуалӣ, амнияти нақлиёт, назорат, самаранокӣ.