ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Халилов Истамқул Хадирович

Аннотатсия: 

Мақолаи мазкур фарогири вазъи кунунии саноати металлургия, бахусус металлҳои нодири ватанӣ, манбаъ ва дурнамои рушди иқтисодии он мебошад. Дар ҷаҳони муосир технологияи рақамӣ рушди бемайлонро касб намуда, воридшавӣ ба иқтисодиёти сабз идома дорад, талабот ба маводҳои нефтӣ коҳиш ва ҷойи онро металлҳои нодир соҳиб мегарданд. Барои Тоҷикистон хушбахтона давраи тиллоӣ оғоз меёбад, зеро қаъри замини мо дорои захираҳои бойи чунин металлҳо баҳо дода мешавад. Бешак, ҷаҳони имрӯза ниёзи зиёд ба соҳаи металлургия дорад, рушди соҳа метавонад саҳми худро ба таври назаррас ба иқтисодиёти миллӣ гузаронад.

Калидвожаҳо: технологияи рақамӣ, маводҳои нефтӣ, иқтисодиёти сабз, муҳити зист, канданиҳои фоиданок, саноати металлургия, металлҳои нодир, захира, талабот, соҳа, рушд, саҳм