Исайнова Манижа Хисайновна
Аннотатсия:
Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад. Рушди устувори соҳа имкон медиҳад, ки вобастагии мамлакат аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ коҳиш ёфта, сатҳи худтаъминкунӣ баланд гардад. Кишоварзӣ ҳамчун соҳаи стратегӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ буда, рушди ҳамаҷонибаи он ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ , устувории иқтисодӣ ва амнияти миллии мамлакат мусоидат менамояд. Дар мақола нақши соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди омӯ зиш қарор гирифтааст. Хаҷми истеҳсолоти минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ , таносуби истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар минтақаҳо ва аз рӯ и категорияҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Як қатор пешниҳодҳо барои боз ҳам беҳтару хубтар шудани соҳаи кишоварзии мамлакат оварда шудааст. Самтҳои асосии амалисозии рушди соҳаи кишоварзӣ ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ асоснок ва пешниҳод гардидааст.
Калидвожаҳо: озуқа, амнияти озуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, хоҷагӣ, минтақа, вилоят, истеҳсолот, маҳсулот

