ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Ҳасанзода Сорбон Ҳасан 

Аннотатсия: 

Дар мақола истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ҳамчун самти муҳимми рушди иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Соҳаи гидроэнергетика яке аз самтҳои асосии захираҳои оби кишвар ба шумор рафта, иқтидори энергетикаи мамлакатро ташкил медиҳад. Таъмини амнияти энергетикӣ ва захираҳои оби яке аз масъалаҳои асосӣ дар мадди аввали назари аҳолӣ ҷаҳон қарор гирифта истодааст. Ин ба яке масъалаи муҳиммтарини муосир табдил ёфта истодааст, ки боиси ғамхории фаъолияти якҷояи мардум мебошад. Афзоиши аҳолӣ ва таъсири технологии фаъолияти инсон ба давлат мебошад, ки дар натиҷа тезутунд шудани мушкилоти ҷаҳонӣ дар минтақа ва инчунин дар тағйирёбии иқлим мебошад. Идоракунии захираҳои обӣ ва энергетикӣ муҳофизат ба тақсимот, яке аз масъалаи муҳимми сарҳадӣ, маҳаллӣ, минтақавӣ, ва миллӣ ба шумор меравад. Таҳлили нишондиҳандаҳо ва тамоюли истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ҳамчун самти муҳимми иқтисоди миллӣ оварда шудааст. Арзёбии нишондиҳандаҳои ноилшави ба ҳадафии Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузаронида шудааст. Самтҳои асосии амалисозии захираҳои обию энергетикии мамлакат ва нақши он дар инкишофи иқтисоди миллии кишвар асоснок ва пешниҳод гардидааст.

Калидвожаҳо: таъмин, истеъмол, соҳа, рушди иқтисодӣ, таъминоти об, талафоти захираҳои обӣ, масъалаи муҳимми сарҳади, маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ, тақсимот, самт, иқтисоди миллӣ, захираҳои обию энергетикӣ, гидроэнергетика, истифода, амният, механизм, муҳофизат, афзоиш, ҷумҳурӣ, байналмилалӣ.