Байматова Манзура Менгатовна, Хидиров Азамат
Аннотатсия:
Дар ин мақола хусусият ва сохтори механизми ташкилӣ ва иқтисодии идоракунии сармоягузории минтақавӣ дар бахши сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда мешавад. Параметрҳои асосии объекти тадқиқот, аз ҷумла ҳаҷми сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмони минтақавӣ ва саҳми сармоягузориҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми умумии сармоягузории минтақа, баррасӣ мешаванд. Таваҷҷӯҳи махсус ба хусусиятҳои сиёсати сармоягузории минтақавии кишвар, воситаҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, мушкилот дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва самтҳои такмили механизм бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона карда шудааст. Нақши унсурҳои институтсионалӣ, молиявӣ ва танзимкунанда дар идоракунии самараноки сармоягузориҳои сохтмонӣ дар сатҳи минтақавӣ муайян карда мешавад. Таҳқиқот бо истифода аз усулҳо ва системаҳои таҳлили оморӣ ва равишҳои институтсионалӣ барои таҳлили идоракунии минтақавӣ гузаронида шудааст.
Калидвожаҳо: сармоягузорӣ, сохтмон, идоракунии минтақавӣ, Тоҷикистон, сиёсати сармоягузорӣ, механизми ташкилию иқтисодӣ.

