ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Шодиев Шодиқул Каримович

Аннотатсия: 

Дар мақолаи таъсири роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба рушди иқтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ҷанбаҳои назариявии таъсири инфрасохтори нақлиётӣ ба рушди иқтисодӣ таҳлил карда шуда, ҳолати кунунии шабакаи роҳҳои мамлакат мавриди назар қарор дода шудааст ва самтҳои калидии таъсири он ба савдо, фаъолии инвеститсионӣ, хоҷагии қишлоқ ва рушди минтақавӣ ошкор гардидааст. Дар асоси нишондодҳои оморӣ ва санадҳои меъёрӣ зарурияти таҷдиди минбаъдаи инфрасохтори нақлиётию роҳӣ ҳамчун омили стратегии рушди устувори иқтисодиёти миллӣ асоснок карда шудааст.

Калидвожаҳо: инфрасохтори нақлиётӣ, роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ, рушди иқтисодӣ, инвеститсия, логистика, иқтисодиёти минтақавӣ.