Ҳамроев Фузайлӣ Маҳмадалиевич, Сайфуллоҳзода Олуфта Мирулло, Раҷабова Хубон Шораҷабовна
Аннотатсия:
Дар мақола асосҳои назариявии фаъоляит ва рушди бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз он ҷумла фаъолияти нақлиёти автомобилии мусофирбар ба аҳолӣ дар шароити рушди инноватсионӣ мавриди тадқиқи фаро гирифташудааст. Дар рафти тадқиқ фарқиятҳои асосӣ ва хоси муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ баҳо дода шуда, давраҳои таҳаввулоти бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилии мусофирбарро ҷудо карда шуданд. Илова ба ин, аломатҳои системаи нақлиёти автомобилӣ дар самти мусофирбарии шаҳрӣ ва нишондиҳандаҳои асосии тавсифдиҳандаи он муайян карда шуда таърифи муаллифии ҳамлу нақли мунтазами мусофирон бо микроавтобусҳо пешниҳод карда шудааст. Дар асосии арзёбии фаъолияти нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ва баҳодиҳии таъсири омилҳои муҳити беруна ба он амсилаи фаъолияти нақлиёти мусофирбари шаҳр пешниҳод гардидааст.
Калидвожаҳо: бозори хизматрасониҳои нақлиёт, мусофирбарии шаҳрӣ, амсилаи фаъолияти нақлиёт, ҳамлу нақли автомобилии мусофирон, омилҳои таъсиррасон.

