Мукимова Наргис Рустамовна, Орифова Шаҳноза рузимуродовна
Аннотатсия:
Дар мақола ҳолати муосир ва дурнамои рушди саноати масолеҳи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда мешавад. Марҳилаҳои таърихии ташаккули соҳа пайдарпай баррасӣ шуда, нақши заминаи маъданию хомашӣ тавсиф гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва динамикаи истифодаи он таҳлил шудааст. Ҷойгоҳи алоҳида дар таҳқиқот ба масъалаҳои тағйири номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, такмили технологии равандҳои истеҳсолӣ ва тақвияти ҳамгироии байнисоҳавӣ дода шудааст. Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҷузъи иқтисодии хориҷӣ — сохтор ва ҳаҷми амалиётҳои содиротию воридотӣ, инчунин фаъолияти сармоягузорӣ ва вазифаҳои навсозии техникӣ бахшида шудааст. Тамоюли устувор ба суи тадриҷии тағйири авлавиятҳои соҳавӣ ошкор карда шуд: аз истеҳсоли масолеҳи хомашӣ — ба истеҳсоли маҳсулот бо арзиши иловашудаи баландтар ва васеъкунии номгӯи маҳсулот. Хулоса бароварда шуд, ки соҳа дорои иқтидори назарраси рушд мебошад, ки татбиқи он бо шарти навсозии комплексии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи технологии он ва мустаҳкам кардани рақобатпазирӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ имконпазир аст.
Калидвожаҳо: саноати масолеҳи сохтмон, заминаи маъданию хомашӣ, рушди технологӣ, содирот ва воридот, сармоягузорӣ, навсозии истеҳсолот, гуногунсозии маҳсулот.

