ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Каримова Мавҷуда Урунбаевна, Раҳимов Уктам Ҷумақулович

Аннотатсия: 

Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии такмили механизми ташкилӣ-иқтисодии идоракунии рушди устувори минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд. Таҳлили тамоюли нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва минтақавӣ дар солҳои 2018–2024 анҷом дода шуда, нобаробарии иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои институтсионалии рушди минтақаҳо муайян гардидаанд. Самтҳои такмили механизми идоракунӣ, ки ба баланд бардоштани фаъолиятҳои сармоягузорӣ, мустақилияти молиявии минтақаҳо ва самаранокии сиёсати давлатии минтақавӣ равона шудаанд, асоснок карда шудаанд.

Калидвожаҳо: рушди устувор, иқтисоди минтақавӣ, механизми ташкилӣ-иқтисодӣ, нобаробарии ҳудудӣ, танзими давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ.