Мирзобеков Хуршед Дурманович
Аннотатсия:
Дар мақола таъсири пайвастагии нақлиётӣ-логистикӣ ба ташаккул ва татбиқи иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқ карда мешавад. Асосҳои назариявии пайвастагии нақлиётӣ, мафҳуми иқтидори транзитӣ ва хусусиятҳои кишварҳои бе баромад ба баҳр баррасӣ шудаанд. Хусусиятҳои сохтории низоми нақлиётии Тоҷикистон, динамикаи нишондиҳандаи самаранокии логистикӣ (LPI) ва маҳдудиятҳои институтсионалии рушд таҳлил гардидаанд. Зарурати гузариш аз рушди инфрасохтории пароканда ба модели системавии ҳамгироии логистикии минтақавӣ асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо: пайвастагии нақлиётӣ, иқтидори транзитӣ, инфрасохтори логистикӣ, Осиёи Марказӣ, LPI, ҳамгироии минтақавӣ.

