ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Бердиева Ниссо Хасановна

Аннотатсия: 

Дар мақола хусусиятҳои ташаккули бартариҳои рақобатпазирии бахши саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамисозӣ таҳлил карда мешаванд. Тамоюлҳои асосии рушди саноат дар солҳои 2010–2024, аз ҷумла динамикаи истеҳсолот, сармоягузориҳо, ҳосилнокии меҳнат ва нишондиҳандаҳои байналмилалии рақобатпазирӣ баррасӣ мегарданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки саноат дар шароити маҳдудиятҳои сохторӣ ва технологӣ рушд мекунад. Бартариҳои рақобатӣ асосан хусусияти анъанавӣ доранд ва рушди устувори дарозмуддатро таъмин намекунанд. Равандҳои рақамисозӣ нобаробар буда, дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд. Зарурати навсозии технологӣ, густариши технологияҳои рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ ва тақвияти сармоягузорӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии саноат таъкид мегардад.

Калидвожаҳо: саноат, рақобатпазирӣ, рақамисозӣ, сармоягузорӣ, инноватсия, Тоҷикистон.