ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Саидова Тахмина Садридиновна

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои такмили низомҳои меъёргузории меҳнат дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Нақши меъёрҳои меҳнат ҳамчун унсури муҳими идоракунии захираҳои инсонӣ, таъмини истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхона асоснок карда мешавад. Технологияҳои муосири рақамӣ, ки дар раванди меъёргузории меҳнат истифода мешаванд, аз ҷумла системаҳои PLM, ERP, технологияҳои мониторинги вақти корӣ ва ҳалли RPA, таҳлил карда шудаанд. Нишон дода шудааст, ки истифодаи онҳо ба баланд бардоштани дақиқии муқаррар намудани меъёрҳои меҳнат, автоматикунонии равандҳои идоракунӣ ва коҳиши хароҷоти меҳнатӣ барои коркарди иттилоот мусоидат мекунад. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамгироии системаҳои идоракунии рақамии истеҳсолот ва ташкили муҳити ягонаи иттилоотӣ барои низоми меъёргузории меҳнат равона карда шудааст. Равишҳои байналмилалӣ оид ба таҳияи меъёрҳои меҳнат дар доираи кишварҳои ИДМ дар шароити рақамикунонӣ таҳлил карда мешаванд. Хулоса бароварда мешавад, ки трансформатсияи рақамӣ омили калидии баланд бардоштани самаранокии низоми меъёргузории меҳнат ва такмили идоракунии равандҳои меҳнатӣ дар корхона мебошад.

Калидвожаҳо: меъёргузории меҳнат, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, системаҳои PLM, системаҳои ERP, RPA, технологияҳои рақамӣ, автоматикунонии меҳнат, захираҳои меҳнатӣ