ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия
ISSN 2520-2235

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин

Аннотатсия: 

Дар мақола динамикаи рушди саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018–2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар асоси таҳлили маълумоти оморӣ қонуниятҳои афзоиши маҳсулнокии меҳнат ва фаъолиятҳои сармоягузорӣ муайян карда шудаанд. Муаллиф пешбинии рушди соҳа то соли 2030-ро пешниҳод намуда, таҳлили SWOT гузаронидааст ва омилҳои калидии тағйирёбии модели индустриалии кишварро муайян кардааст.

Калидвожаҳо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, индустриализатсия, маҳсулнокии меҳнат, сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, саноати коркард, таҳлили SWOT, пешбинии иқтисодӣ.