ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Раҷабова Зарина Солеҳҷоновна, Шарипова Адолат Бурҳоновна 

Аннотатсия: 

Мақола ба таҳлили механизмҳои сармоягузории табаддулоти рақамии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир бахшида шудааст. Дар он ҷанбаҳои институтсионалии ҷалби сармоя, чораҳои дастгирии давлатӣ ва монеаҳои сохторӣ барои маблағгузории ташаббусҳои рақамӣ баррасӣ мегарданд. Таъкид мегардад, ки сармоягузорӣ ба технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокӣ, сарфаи захираҳо ва рақобатпазирии корхонаҳо нақши ҳалкунанда дорад. Таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши тағйирот дар сохтори соҳавӣ, сиёсати давлатии сармоягузорӣ ва имкониятҳои рушди соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёт равона шудааст.

Калидвожаҳо: рақамикунонӣ, сармоягузорӣ, рушди устувор, сиёсати давлатии саноатӣ, бахши воқеии иқтисодиёт, технологияҳои рақамӣ.