Мукимова Наргис Рустамовна, Мирзобеков Хуршед Дурманович
Аннотатсия:
Дар шароити трансформатсияи рақамии соҳаи нақлиёт ва логистика, ҷорӣ намудани воситаҳои маркетинги рақамӣ ва идоракунӣ, ба омили калидии баланд бардоштани самаранокии интиқоли бор ва муносибсозии равандҳои логистикӣ табдил меёбад. Дар мақола таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ оид ба истифодаи системаҳои-CRM, платформаҳои рақамии логистикӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таҳлили додаҳои бузург дар логистикаи нақлиётӣ, инчунин баҳодиҳии дурнамои мутобиқшавии онҳо барои системаҳои нақлиётӣ-логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ шудаанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи воситаҳои рақамӣ ба коҳишёбии вақти ғайриистеҳсолӣ, муносибсозии хатсайрҳо, паст шудани хароҷоти транзаксионӣ ва баланд бардоштани дақиқии расонидани бор мусоидат менамояд. Дар асоси таҳлили динамикаи гардиши бор ва сохтори ҳамлу нақл, модели консептуалии татбиқи қарорҳои рақамӣ ба системаи миллии нақлиётӣ-логистикӣ пешниҳод гардидааст.
Калидвожаҳо: маркетинг, воситаҳои рақамӣ, логистикаи нақлиётӣ, системаҳои-CRM, платформаҳои рақамӣ, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ

