Қосимов Абдунаби Абдурауфович, Асадуллозода Шаҳриёр Мирзохон, Шарифов Мусо Умарович
Аннотатсия:
Мақолаи мазкур ба тадқиқи масъалаи муайянкунии автоматии забони коди барномавӣ дар асоси таҳлили омории ҳарфҳои лотинӣ ва тадбиқи усулҳои зеҳни сунъӣ бахшида шудааст. Бо дарназардошти афзоиши босуръати ҳаҷми коди ибтидоӣ, зарурати таҳияи усулҳои зеҳнии таснифоти матнҳои барномавӣ дар соҳаҳои амнияти иттилоотӣ ва криминалистикаи рақамӣ мубрамияти хос пайдо кардааст. Дар раванди тадқиқот усулҳои таҳлили омории матн, метрикаҳои эҳтимолиятӣ (TF-IDF, биграммаҳо) ва алгоритмҳои муосири омӯзиши мошинӣ, аз ҷумла шабакаҳои нейронӣ ва меъмориҳои трансформаторӣ истифода шудаанд. Коди барномавӣ ҳамчун объекти бисёрченака бо маҷмӯи хусусиятҳои беназири оморӣ баррасӣ гардидааст. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки тақсимоти рамзҳои лотинӣ, калимаҳои калидӣ ва сохторҳои синтаксисӣ барои ҳар як забони барномасозӣ беназир буда, ҳамчун «изи оморӣ»- и забон хизмат мекунанд. Дар асоси таҳлили муқоисавӣ муайян карда шуд, ки моделҳои гибридӣ, ки таҳлили омориро бо шабакаҳои нейронӣ муттаҳид месозанд, сатҳи баландтарини дақиқиро (то 98.1%) таъмин менамоянд. Аҳамияти амалии тадқиқот дар он ифода меёбад, ки натиҷаҳои бадастомадаро метавон дар системаҳои муайянсозии таъминоти барномавии зараровар, ошкорсозии плагиат, компиляторҳои зеҳнӣ ва платформаҳои таҳлили додаҳои калон бомуваффақият тадбиқ намуд.
Калидвожаҳо: зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, коди барномавӣ, шинохти намунаҳо, таҳлили оморӣ, шабакаҳои нейронӣ, забон, таснифоти додаҳо, криминалистикаи рақамӣ.

