ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Сафарзода Обид Сафар 

Аннотатсия: 

Дар натиҷаи пешрафт ва тарақиёти илму техника соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Назарияҳои қаблан дар зеҳн ё қоғаз сабтбудаи муҳақиқони соҳа, имрӯз тамомашон амалӣ гаштанд. Вобаста ба талабот ва бартараф намудани мушкилоти дар пеш истода усул ва технологияҳои нави коркарди иттилоот эҷод гардид. Аввалан коркарди иттилоот дар забони мошинӣ анҷом дода мешуд. Баъдан, мутахассисон забони барномасозии Ассемлерро бунёд карданд. Барои коди барномаро фаҳмидани протссесор унсурҳои дигар ба монанди компелятор ва интерпретатор эҷод корда шуд. Яке аз ин технологияҳо ин бунёди забонҳои баромасозии сатҳи баланд мебошад. Дар ибтидо зимни таҳияи барномаҳо мутахассисон бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мегаштанд. Бо мурури замон забонҳои сатҳи баланди барномасозӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои муҳақиқон имкониятҳои гуногунро пешниҳод менамуданд. Бояд ёдовар шавем, ки мо дар замони марҳилаи нави тарақиёти технологияҳои иттилоотӣ қарор дорем. Ин марҳилаи тарақиёт бо истифодаи унсурҳои ёрирасони зеҳни сунъӣ мавриди истифода қорор дорад.

Калидвожаҳо: коркарди иттилоот, технологияҳо, забони барномасозӣ, равзана, манбаи додашуда, объект, гуногунвазифа, алгоритм, ҳиссаи нутқ.