ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Худойбердиев Хуршед Атохонович, Сафаров Ғаниҷон Ҳабибуллоевич

Аннотатсия: 

Дар мақола баррасии низомнок ва таснифоти усулҳову амсилаҳои таҳлили зеҳнии матнҳои ҳуқуқӣ гузаронида шудааст. Ба дурнамои истифодаи усулҳои баррасишуда барои забони тоҷикӣ, ки бо набудани корпусҳои бузурги ҳуқуқии ишораткардашуда ва моделҳои махсуси забонӣ тавсиф мешавад, диққати махсус дода шудааст. Нишон дода шудааст, ки барои сохтани низоми ҳуқуқии зеҳнӣ ба забони тоҷикӣ муносибати таркибӣ, ки сохтани корпуси сохтории меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули ҷустуҷӯи семантикиро дар асоси ифодаҳои бисёрзабонаи векторӣ ва тавлиди маҳдуди ҷавобҳоро бо такя ба манбаъҳои меъёрӣ муттаҳид мекунад, асоснок мебошад.

Калидвожаҳо: таҳлили зеҳнии матн; коркарди забони табиӣ; моделҳои калони забонӣ; тавлиди бо ҷустуҷӯ пурраткардашуда; матнҳои ҳуқуқӣ; забонҳои камзахира; забони тоҷикӣ; ҷустуҷӯи семантикӣ; забоншиносии корпусии ҳуқуқ