ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Ҳомидзода Шаҳобуддин Ҳошим, Эшов Бахтиер Бадалович

Аннотатсия: 

Дар ин мақола таъсири амсиласозии гармшавии аэродинамикӣ ба конуси бинии киштиҳои кайҳонӣ, ки аз композитҳои карбон–карбон бо матритсаи карбиди кремний (C/C+SiC) сохта шудааст, тадқиқ шудаанд. Бо истифода аз амсиласозӣ ва ҳисобкуниҳои ададӣ дар барномаҳои Abaqus/Standard ва MATLAB, раванди интиқоли гармӣ, таъсири градиенти ҳарорат (температура) ва тағйирёбии он бо гузашти вақт дар нуқтаҳои гуногуни конуси бинӣ (nose cone) омӯхта шудаанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми дар фазо ҳаракат кардани киштиҳои кайҳонӣ нуқтаҳои конуси бинии он ба ҳарорати максималӣ дучор мешаванд, ки тадриҷан ба қисмҳои дохилии конструксия паҳн мегарданд. Натиҷаҳои тавассути барномаи MATLAB гирифташуда бо амсиласозии ҳароратии дар барномаи Abaqus ҳосилшуда мувофиқат менамоянд, ки дурустии амсиласозиии рақамиро тасдиқ менамояд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки композити C/C+SiC ҳамчун маводди системаҳои муҳофизатӣ аз гармӣ (СМГ) (Thermal Protection System (TPS)) барои конуси бинии киштиҳои кайҳонӣ қобилияти баланди муқовимат бо таъсири гармшавии аэродинамикиро доро аст.

Калидвожаҳо: C/C+SiC, конуси бинӣ (nose cone), гузариши гармӣ, ABAQUS, MATLAB, СМГ (TPS), аэродинамика