Алидодов Тутишо Мералишоевич, Яздонқулов Раҳматжон Соҳибжонович
Аннотатсия:
Мақола ба усули нави гузаронидани ададҳои даҳӣ ба низоми ҳисоби дуӣ бахшида шудааст. Барои гузариши суфта, алгоритм ва барнома тартиб дода шудааст, ки тавассути он гузаронидани ададҳо аз низоми даҳӣ ба дуӣ ва баръакс зуд ва осон иҷро мегардад. Дар мақола мисолҳои аёнии гузариш ва муқоисаи усули нав бо усули анъанавӣ (тақсими пайдарпай ба 2) оварда шудаанд. Нишон дода шудааст, ки усули нав нисбат ба усули пешина қулайтар, сабуктар ва зудтар иҷрошаванда мебошад. Натиҷаҳои тадқиқот мақсаднок будани истифодаи ин усулро дар раванди таълим ҳангоми омӯзиши информатика, электроникаи рақамӣ ва асосҳои техникаи ҳисоббарор тасдиқ мекунанд. Маводи мақола метавонад барои донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки низомҳои ҳисоб ва усулҳои бадалсозии иттилоотро меомӯзанд, муфид мебошад.
Калидвожаҳо: системаи ададӣ, рамзи дуӣ, алгоритми табдилдиҳӣ, мураккабии ҳисоббарорӣ, мантиқи рақамӣ.

