Ғафуров Миршафи Ҳамитович, Иброҳими Юсуф
Аннотатсия:
Дар ин мақола масъалаи ташаккули калиди бадалсозӣ барои ҳифзи маълумоти матнӣ тавассути усули стохастикӣ баррасӣ мешавад. Идеяи асосӣ ин ба ҳам пайвастани воҳидҳои гуногуни лингвистӣ - аз қабили решаи калимаҳо, пешванду пасвандҳо, аломатҳои китобатӣ ва дигар ҷузъиёти ҷумла - бо массивҳои якченака мебошад. Чунин равиш имкон медиҳад, ки табдили (пӯшидагардонӣ, дигаргунсозӣ) матн бевосита дар заминаи хусусиятҳои забонӣ ва алифбои худи ҳамон маълумот сурат гирад. Амалисозии ин технология сатҳи муҳофизати матни пинҳонкардашударо ба таври қобили мулоҳиза боло бурда, роҳи боэътимоди таъмини амнияти иттилоотиро аз ҳамлаи киберҷинояткорон, ҳакерҳо ва дигар хатарҳои киберӣ фароҳам меорад. Илова бар ин, дар доираи тадқиқот устувории варианти нави калид зери озмоиш қарор дода шуда, дараҷаи эҳтимолияти шикастани он (ошкорсозии калид) ҳамаҷониба таҳлилу арзёбӣ гардидааст. Як бартарии муҳимми усули пешниҳодшуда дар он аст, ки вай бо як забон маҳдуд намешавад. Хусусияти универсалии он имкон медиҳад, ки ин усул барои ҳифзи матнҳо дар забонҳои гуногун бо муваффақият татбиқ карда шавад.
Калидвожаҳо: объект, бадалсозӣ, бадалкунӣ, аксбадалкунӣ, реша, аломатҳои имлоию махсус, алифбои хусусӣ, калид, вариант, устуворӣ, киберҷиноят

