ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Раҳматов Ҷамшед Шавкатович 

Аннотатсия: 

Мақола эволютсияи ҳамлаҳои DDoS-ро аз таҷрибаҳои ибтидоӣ то таҳдидҳои мураккаби муосир, ки аз ботнетҳои IoT ва хизматрасониҳои абрӣ сарчашма мегиранд, таҳлил мекунад. Афзоиши экспоненсиалии иқтидори ҳамлаҳо ва мураккабшавии сохтори онҳо нишон дода мешавад. Модели гибридии пешгӯӣ пешниҳод шудааст, ки динамикаи логистикиро бо занҷирҳои Марков муттаҳид мекунад ва ҳам афзоиши миқдорӣ ва ҳам гузаришҳои эҳтимолиро байни намудҳои ҳамлаҳо инъикос менамояд. Арзиши амалӣ дар тавсияҳо оид ба истифодаи системаҳои муҳофизати мутобиқшаванда, ки омӯзиши мошинӣ ва мантиқии норавшанро муттаҳид месозанд, ифода меёбад.

Калидвожаҳо: ҳамлаҳои DdoS, ботнетҳои IoT, модели логистикӣ, занҷирҳои Марков, амнияти киберӣ, омӯзиши мошинӣ, мантиқии норавшан.