ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Комилиён Файзалӣ Саъдулло, Раҳимов Манучеҳр Фарҳодович 

Аннотатсия: 

Дар мақола татбиқи амсилаи математикии низоми зеҳнии гардиши санадҳо, ки бар асоси архитектураи микросервисӣ ва амсилаҳои трансформерии BERT ба сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд, баррасӣ шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот самаранокии истифодаи ҳамҷояи архитектураи микросервисиро бо усулҳои муосири коркарди забони табиӣ тасдиқ мекунанд.

Калидвожаҳо: архитектураи микросервисӣ, гардиши ҳуҷҷатҳо, омӯзиши мошинӣ, амсиласозии математикӣ, коркарди забони табиӣ, усулҳои қоидаасос, мутобиқшавӣ, дақиқӣ, миқёспазирӣ, амсилаҳои трансформерии BERT, gRPC, коркарди зеҳнии ҳуҷҷатҳо