ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Саидов Беҳруз Бадридинович, Саидов Наимҷон Бозорович 

Аннотатсия: 

Дар мақола масъалаи афзоиши босуръати талабот ба хотираи оперативӣ ҳангоми моделсозии классикии ҳисоббарориҳои квантӣ таҳқиқ карда мешавад. Афзоиши андозаи системаи квантӣ ба зиёдшавии экспоненсиалии ҳаҷми маълумот оварда мерасонад, ки истифодаи симуляторҳои анъанавии вектори ҳолатро бо маҳдудияти ҳаҷми хотираи оперативӣ рӯ ба рӯ мегардонад. Дар натиҷа, моделсозии системаҳои зиёда аз 28–30 кубит бидуни истифодаи кластерҳои махсуси ҳисоббарорӣ душвор мегардад. Дар кор усули оптимизатсияи меъмории симулятор пешниҳод шудааст, ки ба истифодаи механизми харитасозии файлҳо ба фазои адресии раванд ва истифодаи дискҳои баландсуръати NVMe ҳамчун сатҳи иловагии иерархияи хотира асос меёбад. Амалисозии барномавӣ бо истифода аз забони барномасозии Rust бо татбиқи усулҳои бехатари идоракунии хотира ва коркарди бисёрҷараёнаи маълумот анҷом дода шудааст. Илова бар ин, схемае барои индексатсияи битии амплитудаҳо таҳия шудааст, ки дастрасии пайдарпай ба массивҳои маълумотро таъмин намуда, ҳиссаи хатогиҳои кэш-хотираро кам мекунад. Натиҷаҳои таҷрибавӣ нишон доданд, ки самаранокии система то 362 миллион амалиёт дар як сония мерасад ва нисбат ба амаликуниҳои интерпретатсионӣ чанд маротиба суръатбахшӣ ба даст меояд. Ҳамзамон, истеъмоли хотираи оперативӣ ҳатто ҳангоми кор бо массивҳои маълумоти ҳаҷмашон зиёда аз 16 ГБ дар сатҳи камтар аз 150 МБ нигоҳ дошта мешавад. Натиҷаҳои бадастомада имконияти моделсозии системаҳои квантиро то 40 кубит дар истгоҳҳои кории муқаррарӣ бидуни истифодаи захираҳои гаронбаҳои HPC тасдиқ мекунанд.

Калидвожаҳо: ҳисоббарориҳои квантӣ, симулятсияи вектори ҳолат, харитасозии файлҳо, ҳисоббарориҳои параллелӣ, Rust, NVMe, оптимизатсияи хотира.