ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

Абдурасулов Анвар Абдурасулович, Анварзода Далер Анвар 

Аннотатсия: 

Бо истифода аз системаҳои сарбастаи муодилаҳои гидродинамики умумикардашудаи пештар барои моеъҳои молекулаҳояшон сахти шакли дилхоҳдошта падидаҳои интиқоли динамикии масса, импулӣс ва моменти импулӣс дар моеъҳои содда ва мураккабу ассиметрӣ тадқиқ карда шудааст. Нишон дода шудааст, ки назардошти дарараҷаҳои озоди чархиш ва тамоили молекулаҳои ғайрисферӣ дар фазо боиси ҳосилшавии коэффисиентҳои иловагии интиқол ва модулҳои чандирии ба онҳо мувофиқ дар моеъҳои мураккаб мегарданд. Барои бузургиҳои иловагии интиқол ифодаҳои аналитикӣ ёфта шуда ҳисобкуниҳои ададии баъзе аз ин бузургиҳо бар моеъҳои гуногун ҳисоб карда шудаанд. Муқаррар карда шудааст, ки табиати вобастагии бузургиҳои умумӣ ва иловагии интиқолаз тағйирёбии параметрҳои ҳолати термодинамики ва басомади ошубҳои беруна сифатан як хел мебошанд.

Калидвожаҳо: Назарияи молекулавӣ-статистикӣ, моеъҳои асимметрӣ, падидаҳои интиқол ва релаксатсия, диффузия, часпакӣ, модулҳои чандирӣ