ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

Сарҳадов Иброҳим, Тухлиев Зафар Ќамаридинович, Муродӣ Ҳалимҷон Ғафурзода

Аннотатсия: 

Дар ин мақола натиҷаҳои таҳқиқоти рақамии аблятсияи лазерӣ таҳти таъсири манбаи мавҷи лазери бефосила ва импулсї сохти мураккаби вақтӣ дошта, ки аз ҷониби функсияи манбаъ муайян карда мешавад, пешниҳод карда шудааст. Барои ин, иќтидори нури лазер ба муодилаи гузаронандагии гармӣ ҳамчун ҳосили зарби ду функсия, ки вобастагии вақтӣ ва фазоии таъсирро ба намуна муайян мекунанд, ворид карда мешавад, ки он имкони таѓйир додани сохти таркибии манбаъро таъмин менамояд. Ин имкон дод, ки фарқияти таъсири шакли манбаъро ба раванди аблятсия муайян намуда, њамзамон сели энергияи лазер доимӣ нигоҳ дошта шавад. Муайян карда шуд, ки дар ҳолати ҳузур доштани ҷузъи импулсӣ дар радиатсияи лазери бефосила, раванди аблятсияи лазерӣ аз ҳолати устувор мебарояд ва пас аз фосилаи муайяни вақт ба он бармегардад.

Калидвожаҳо: аблятсия, ҷараёни энергия, гузаронандагии гармӣ, манбаи радиатсия, профили ҳарорат, кратер, импулс, суръат, давомнокӣ, бухоршавӣ, ҳолатҳои устувор