Умарзода Насим Неъмат, Абдуллозода Сабур Фузайл, Бахдавлатов Асратбек Давлатбекович, Рузиев Комилджон Алишерович
Аннотатсия:
Дар кори мазкур бо усули спектроскопияи инфрасурх ва рентгенофлуоресенсӣ таъсири металлҳои вазнини фурӯбурда ба хосиятҳои физикӣ-химиявии баргҳои матинҷ (Amaranthus), ки дар вилояти Суғд ҷамъоварӣ шудаанд, омӯхта шудааст. Мавҷудияти гурӯҳҳои ҳидроксилӣ, метилию-метиленӣ ва дигар дар биомолекулаҳои пайвастагиҳои табиӣ ошкор карда шуд. Тағйрёбии максимуми фурӯбурд, тағйироти бузургии зичии оптикӣ, нимвасегии бандҳои фурӯбурд мушоҳида карда мешавад. Муайян намуда шуд, ки миқдори металлҳои вазнин ба боҳамтаъсири байнимолекулавии гурӯҳҳои функсионалӣ, хосияти физика-химиявӣ ва ташаккулёбии сохтори молекулавии бимаводҳо таъсир мерасонад.
Калидвожаҳо: боҳамтаъсири байнимолекулавӣ, спектроскопияи инфрасурх, металлҳои вазнин, таҳлили рентгенофлуоресентӣ, матинҷ, гурӯҳи функсионалӣ.

