Ақдодов Донаёр Мавлобахшович, Ақсақолов Фаррух Ақсақолович
Аннотатсия:
Дар мақола, тавассути ифодаҳои аналитикии дар асоси назарияи молекулавӣ-кинетикии маҳлулҳо бо назардошти саҳми релаксатсияҳои сохторӣ ва трансляционии дар онҳо ҷойдошта ёфташуда ва потенсиали аз тарафи муаллифон умумикардашудаи ҳамтаъсироти молекулаҳо қонуниятҳои вобастагии коэффисиенти гармигузаронӣ 𝜆(𝜔) дар маҳлулҳои обии электролитҳо тадқиқ карда шудааст. Нишон дода шудааст, ки назардошти ҳамтаъсироти ион-ионӣ, ион-диполӣ, дипол-диполӣ дар потенсиали ҳамтаъсироти молекулаҳо (|r |) ab ва дар функсияи тақсимоти радиалии мувозинатии молекулаҳо g (|r |) ab , мувофиқати ҳисобкуниҳои назариявии вобастагии коэффисиенти гармигузаронӣ () - ро аз температура ва зичиро дар маҳлулҳои электролитии КСl, NаСl, KBr ва CsCl бо натиҷаҳои таҷрибавӣ беҳтар менамояд.
Калидвожаҳо: коэффисиенти гармигузаронӣ, потенсиали мутақобилаи байнимолекулавӣ, функсияи тақсимоти радиалӣ

