Ҷабборов Мустафо Абдурозиқович
Аннотатсия:
Дар кор як синфи системаҳои ғайрихаттии чормуодиладори муодилаҳои дифференсиалӣ дар фазои 𝓍, 𝓎, 𝓏 тадқиқ шудааст. Тавассути ивази ҳосилаи функсияи номаълуми дар тарафи рост буда, инчунин баробарии ҳосилаҳои омехтаи ду муодилаҳои аввал ва ду муодилаҳои охири система муодилаҳои нав пайдо мегарданд. Дар асоси муодилаҳои нави ҳосилшуда, системаи додашуда ба квазисистема оварда мешавад. Пас аз гузориши навбатӣ система пурратар гардида, масъала бо шартҳои ибтидоӣ гузошта мешавад.Дар ҳолати хусусӣ ба системаи муодилаҳо дар дифференсиали пурра ифода мегардад.
Калидвожаҳо: шартҳои ҳамҷоягӣ, системаҳо дар дифференсиали пурра, системаҳои барзиёдмуайяншуда, ҳалҳои бисёршакла.

