ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

МАТЕМАТИКА

Гадозода Мирзомурод, Ҳафизов Ҳасан Маҷидович 

Аннотатсия: 

Дар мавод муодилаи дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии дараҷаи дуюм бо коэффитсиентҳои тағйирёбанда бо шартҳои аввала ва канорӣ дар соҳаи маҳкам баррасӣ мегардад. Барои ҳалли муодила методи ҷудокунии тағйирёбандаҳоро истифода бурда, ҳалли ҷудошаванда дар намуди ҳосили зарби ду функсия пешниҳод мегардад. Пас тағйирёбандаҳоро ҷудо намуда, барои яке аз онҳо муодилаи дифференсиалии яктағйирёбандаи одии навъи Эйлер ва барои функсияи дуюм масъалаи канории m -ченака ҳосил мекунем. Масъалаи канории ҳосилшударо боз бо методи ивази тағйирёбандаҳо ҳал мекунем. Дар натиҷа масъалаҳои яктағйирёбанда доир ба қиматҳои хос ва функсияҳои хос ҳосил мекунем. Ин масъалаҳои яктағйирёбандаро ҳал карда, қиматҳои хос ва системаи функсияҳои хосро ҳосил мекунем, ки системаи пурра ва ортонормиронидашуда дар фазои функсияҳои бефосила аз рӯйи соҳаи маҳкам мебошад. Ҳалли масъала дар намуди қатори m -ченакаи мунтазам ва мутлақ наздикшаванда тартиб дода шуда ин қатор бо шартҳои додашуда ҳалли ягонаи классикии масъалаи барассишаванда мебошад.

Калидвожаҳо: муодилаи дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии дараҷаи дуюм, ҳалли он дар шакли қатор, доимиҳои дилхоҳ.